Мулоқоти гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон, фаъолон ва намояндагони насли ҷавони диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урали Россия

09.08.2023 18:28

Мулоқоти гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон, фаъолон ва намояндагони насли ҷавони диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урали Россия

Дар нимаи дуюми рӯзи 9 августи соли 2023 дар яке аз толорҳои бинои асосии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал вохӯрии гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии узви ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Валиев бо роҳбарон, фаъолон ва намояндагони насли ҷавони диаспораи тоҷикони муқими тамоми минтақаи Урали Россия баргузор гардид.

Суҳбаторо--барандаи мулоқот Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода буд.

Дар оғози чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Яков Силин дар ҳузури иштироккунандагони мулоқот суханронии шодбошӣ кард.

Дар вохӯрӣ Нарзулло Валиев, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Заробов, чеҳраҳои намоёни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода ва Абдураҳим Шоҳиён, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии миллию фарҳангии тоҷикистониёни вилоятҳои Свердловск, Челябинск, Тюмену Курган, ходимони фаъоли ҷамъиятии диаспора, рӯҳониёни мусулмон, намояндагони қишри ҷавонони диаспора суханронӣ намуда, ибрози андеша, арзёбӣ ва таклифу пешниҳод карданд.

Як гурӯҳ ходимони фаъолони диаспора бо Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадру сарфароз гардонида шуд.

 Аъзои гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон посухҳо доданд.
 
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо фаъолони диаспора оид ба масъалаҳои мушкилдори кору зиндагӣ ва фарҳанги рафтори муҳоҷирони меҳнатӣ, сатҳу сифати таълим ва тарзи зиндагии донишҷӯёни маҳаллии тоҷикистонӣ, роҷеъ ба мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии онҳо ба воқеияти ҷомеаи муосири россиягӣ фикру мулоҳизаҳо, пешниҳодҳо ва арзёбиҳо садо доданд.

Ҳини суҳбат ҳамчунин мавзӯъҳои муҳими марбут ба зарурати муаррифии дурусту густурдаи арзишҳои фарҳанги миллӣ дар ҷомеаи россиягӣ, иштирок дар равандҳои таъмини ваҳдату ризоияти байнимиллӣ, ҳифз ва таҳкими арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқӣ, дарки сабабҳои аслии ихроҷи иҷбории маъмурии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Россия, истифодаи роҳҳо ва шаклҳои фаъолгардонию такмили ҳамкории Тоҷикистону Россия дар арсаҳои муҳоҷират ва таҳсилоти олию миёнаи касбӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.

Ба мавзӯи зарурати пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ва зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Россия кору зиндагӣ  доранд, ба сафи гурӯҳҳо, ҳаракатҳо ва ҳизбҳои дар ниқоби динӣ амалкунандаи экстремистию террористии аз нигоҳи иҷтимоӣ хатарноку харобиовар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. 

Дар вохӯрӣ намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов фаъолона иштирок намуд.

dias-2.jpg

dias-6.jpg

dias-5.jpg

dias-3.jpg

dias-1.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg