Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаи мебелсозии соҳибкор--ҳамватани худ дар пойтахти уралӣ боздид кард

30.07.2023 11:47

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаи мебелсозии соҳибкор--ҳамватани худ дар пойтахти уралӣ боздид кард

30 июли соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз корхонаи истеҳсоли мебели "Персона-Мебел"-и воқеъ дар ноҳияи Чкалови шаҳри Екатеринбург, ки директору муассиси он шаҳрванди  Россия ва Тоҷикистон, узви Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Яздон Шарифов мебошад, дидан кард.

Фабрикаи мебелсозӣ тайи солҳои зиёд бомуваффакият, дуруст ва самарабахш кор карда, маҳсулоти он дар бозори фурӯши россиягӣ, ки дар он фақат дар миқёси пойтахти уралӣ 25 муассиса, сохтор ва марказҳои савдо бо Яздон Шарифов ҳамкорӣ мекунанд, пайваста мавриди ниёзу дархост аст.

Дипломати тоҷик ва  муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров бо ҷараёну марҳалаҳои истеҳсолот дар корхона, шароити истеҳсолӣ ва фаъолияти меҳнатии кормандони он бевосита шинос шуданд. Дар фабрика русҳо, тоҷикону ӯзбекон, марду занон сермаҳсул ва дар фазои дӯстона кор мекунанд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чанде аз кормандони корхонаи мебелсозӣ суҳбати самимӣ намуда, аз шароити кору зиндагии онҳо, дараҷаи мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамгироии гуногунҷанбаи
онон дар ҷомеаи россиягӣ муфассал пурсон шуд.

Зимни гуфтугӯ дар корхонаи мебелсозӣ Яздон Шарифов ба  Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходими фаъолу роҳбарикунандаи диаспораи тоҷикон дар бораи нақшаҳои миёнамуҳлати истеҳсолӣ ва раванди роҳандозии фаъолияти худ ба ҳайси шарики рушди Ватани худ–Ҷумҳурии Тоҷикистон--нақл кард.

 

 

yazdon-111.jpg

yazdon-2.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg