Иштирок дар маросими савгандёдкунии ҳарбӣ дар пойтахти уралӣ
23 июли соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз бригадаи ҷудогонаи низомии ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии рақами 29-и ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Пикалов дар пойтахти уралӣ,бар тибқи даъватномаи кумондонии он, дидан кард.
Дар дохили қисми ҳарбӣ Консули генералӣ, чун меҳмон,--якҷо бо муфтии Идораи рӯҳонии(Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск ҳоҷӣ--ҳазрат Абдулқуддус Ашарин, муовинаш ҳоҷӣ--ҳазрат Мирзо Сатторзода Назаров, рӯҳонии маҳаллии калисои православии рус Владимир--дар маросими савгандёдкунии низомиён иштирок намуда, дар митинги тантанавӣ ба ин муносибат суханронии шодбошӣ дошт, ки дар он, аз ҷумла, роҷеъ ба таърихи навтарин, вазъу дурнамои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия изҳори назару андеша кард.
Дипломати тоҷик китоби дар ҳаммуаллифӣ дар бораи Президенти Россия Владимир Путин нашркардаашро ба аъзои кумондонӣ ва китобхонаи ҳарбии бригадаи мазкур ҳадя намуд.