Мулоқот бо вакили Думаи шаҳрии Екатеринбург оид ​​ба расонидани ёрии таъҷилӣ ба волидайни кӯдаки вазнинбемори тоҷик

17.07.2023 19:16

Мулоқот бо вакили Думаи шаҳрии Екатеринбург оид ​​ба расонидани ёрии таъҷилӣ ба волидайни кӯдаки вазнинбемори тоҷик

17 июли соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо вакили Думаи шаҳрии Екатеринбург Тимофей Жуков ва яке аз муассисони Бунёди хайрияи «Шаҳри бидуни маводи мухаддир», собиқ вакили Думаи шаҳрии Екатеринбург, қории маъбади православии Семеони Ҳақпарасти  Верхотурӣ Андрей Кабанов мулоқот намуд.

Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкорӣ ҷиҳати мусоидат ба раванди мутобиқшавӣ ва ҳамгироии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи муосири россиягӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар ин қарина ба мавзӯи ташкили кори муштарак ба хотири таъмини кумаки хайриявии иҷтимоӣ ба шаҳрванди вазнинбемори якунимсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бенёмин Бураков, ки оҷилан ба амалиёти ҷарроҳии мағзи устухон ниёз дорад, таваҷҷуҳи асосӣ дода шуд.

Тасмим гирифта шуд, ки ба волидони Бенёмин Бураков тавсия дода шавад, то ӯро барои иҷрои амалиёти ҷарроҳии марбута аз шаҳри Екатеринбург ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи ҳавопаймо интиқол бидиҳанд.

Дар мулоқот котиби дуюми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Субҳон Қурбонов, ки андаке пеш аз ин суҳбат ба аёдати кӯдаки вазнинбемор ба шифохонаи якуми вилоятии Свердловск рафта буд, иштирок дошт.

deputat-1.jpg

depuatat-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg