Баррасии мушаххаси масъалаҳои ҳамкорӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал
18 июли соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо иҷрокунандаи вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Роман Краснов мулоқот намуд.
Зимни суҳбат ҳавасмандию манфиатдории тарафайн ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои байни Муассисаи консулӣ ва Донишгоҳ таъйид гардид.
Мавзӯи асосии суҳбати судовар мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ба хотири татбиқи амалии имкони ифтитоҳи Маркази омӯзиши забони русӣ дар заминаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва баъдан иҷрои лоиҳаи "ду диплом" бо иштироки мактабҳои олии номбурда буд.
Дипломати тоҷик ба Роман Краснов "Сипоснома"-и Консулгарии генералиро супурда, ба ӯ китоби дар ҳаммуаллифӣ нашркардаи хешро дар бораи Президенти Россия Владимир Путин ҳадя кард.
ДДИУ таҷрибаи хуби ҳамкории мутақобилан судмандро бо мактабҳои олии Тоҷикистон--Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва сиёсати Тоҷикистон--андӯхтаст ва онро мунтазам ғанӣ мегардонад.
Алъон дар ДДИУ 15 ҳазору 500 донишҷӯ, аз ҷумла беш аз 2 ҳазору 500 нафар донишҷӯйи хориҷӣ, магистранту аспирант ва докторант аз 68 кишвари ҷаҳон, таҳсил мекунанд.