Ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Шаҳодатномаи коршинос оид ба масъалаҳои идеологияҳои тахрибкор супурда шуд

19.07.2023 19:06

Ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Шаҳодатномаи коршинос оид ба масъалаҳои идеологияҳои тахрибкор супурда шуд

19 июли соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо доктори илмҳои иқтисод, профессор, мудири кафедраи фанҳои иҷтимоӣ ва гуманитарии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал ба номи В.Ф.Яковлев Александр Митин мулоқот намуд.

 Аз номи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал ба номи В.Ф.Яковлев, профессор Владимир Бублик профессор Александр Митин ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода Шаҳодатномаи коршиносро оид ба масъалаҳои идеологияҳои тахрибкор супорид.

Пас аз анҷоми маросими супоридани Шаҳодатномаи дахлдори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал ба номи В.Ф.Яковлев ба дипломату олими тоҷик мусоҳибон нақшаи ҳамкориҳои илмию амалиро дар ояндаи наздик  баррасӣ карданд.

serti-1.jpg

serti-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg