Мулоқот бо муфтии Муфтиёти марказии вилояти Свердловски Федератсияи Россия

20.07.2023 18:58

Мулоқот бо муфтии Муфтиёти марказии вилояти Свердловски Федератсияи Россия

20 июли соли 2023 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муфтии Идораи рӯҳонии(Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия ҳоҷӣ--ҳазрат    Абдулқуддус Ашарин баргузор гардид.

Муфтии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловск ба дипломати тоҷик мукофоти маънавии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россияро барои талошҳои сидқӣ ба хотири таҳкими ризоияти байнидинӣ ва байниимиллӣ, густариши арзишҳои  асили маънавӣ дар ҷомеаи муосир супурд.

Дар навбати худ, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муфтӣ ҳоҷӣ--ҳазрат Абдулқуддус Ашарин сипосномаҳои Консулгарии генералиро унвонии ӯ ва муовинонаш ҳоҷӣ--ҳазратон   Иброҳим Ёқубову Маҳмадюсуф Сандалов супурда, ҳамчунин хоҳиш кард, ки ифтихорномаҳои Консулгарӣ ба сарфарозшудагон--муфтӣ, раиси Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия Албир-ҳазрат Крганов ва муовинаш Денис--ҳазрат Мустафин--расонда шаванд.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориро дар нимаи дуюми соли 2023 мавриди гуфтугӯйи созанда қарор доданд. Дар ин пасманзар нисбат ба мавзӯи идомаи фаъолияти муштарак ба хотири боло бурдани сатҳи фарҳанги ахлоқии муъминон таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир гардид.

mufti.jpg

mufti-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg