Масъалаҳои омода кардани сафари эҷодии рассоми барҷастаи рус ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд
19 июли соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо рассоми муосири барҷастаи рус Игор Рязантсев, ки асосгузори услуби наву нодири рассомӣ таҳти унвони «филумизм» маҳсуб меёбад, мулоқот намуд.
11 июли соли 2023 миёни Раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва рассоми рус Игор Рязантсев дар чаҳорчӯбаи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром" роҷеъ ба дар Тоҷикистон таъсис додани намоишгоҳи доимии асарҳои рассомӣ оид ба "Роҳи бузурги абрешим" суҳбати гарму пурмуҳтаво ба вуқӯъ пайваст.
Пас аз ин суҳбат ҳайати расмии вилоятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асарҳои аз нахҳои акрилӣ офаридашудаи рассом, ки дар Маркази байналмилалии намоишгоҳӣ "Екатеринбург-ЭКСПО" ба намоиш гузошта шуда буданд, шиносоӣ пайдо карданд ва онҳоро арзёбӣ намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба осори нодири рассоми барҷаста таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд ва ӯро даъват намуд, ки дар ояндаи наздик ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, дар он ҷо бо ҳамтоёни тоҷики худ мулоқотҳои ҳамкорӣ кунад.
Дар робита ба ин дар мулоқоти дипломати тоҷик ва рассоми рус бархе аз масоили марбут ба омодасозии сафари эҷодии Игор Рязантсев ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Рязантсевро бо "Сипоснома"-и муассисаи консулӣ қадру сарфароз намуд.