Мулоқоти судовар  бо  имом--хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Екатеринбург

21.07.2023 18:44

Мулоқоти судовар  бо  имом--хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Екатеринбург

21 июли соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовини муфтии Идораи рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия, имом--хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаи Артинская, 25 ҳоҷӣ--ҳазрат Мирзо Сатторзода Назаров мулоқот намуд. 

Дар ҷараёни суҳбати пурмуҳтаво таваҷҷуҳи асосӣ ба мавзӯи зарурати тақвияту такмили тарбияи ахлоқии насли ҷавони тоҷикистониёни муқими минтақаи Урал зоҳир гардид.

Ҳамсуҳбатон ҳамақида дар он буданд, ки дар ин арса инконоту зарфияти фарохи тарбиявию фаҳмондадиҳии масҷидҳои маҳаллиро, ки аксарияти ибодатгаронашон, масалан, дар шаҳри Екатеринбург, ҷавонони тоҷикистонӣ мебошанд, мавриди татбиқи амалии муфид қарор бояд дод. 

Дипломати тоҷик  ходими намоёни маҳаллии диниро бо "Сипоснома"--и Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург қадр намуд.

mullo-priz.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg