Мулоқоти муфиду судовар бо соҳибкорону фаъолони ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Ҳавзаи федералии Урал
10 июли соли 2023 дар бинои Маркази соҳибкории шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия "Деловой дом "Демидов"" Мулоқоти раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, ки ба вилояти Сверловск бо сафари корӣ омад, бо соҳибкорону фаъолони ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Ҳавзаи федералии Урали Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Вазири саноат ва технологияхои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва тамоми аъзои ҳайати ҳукуматӣ, ки ба ш.Екатеринбург аз ш.Душанбе бо сафари корӣ ба хотири ширкат дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром-- 2023" ва баррасии мушаххаси масъалаҳои ҳамкорӣ бо вилояти Свердловски Федератсияи Россия омадаанд, низ иштирок карданд.
Суханрониҳои раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ҷолиб, завқовар ва пурмуҳтаво буданд.Онҳо бо иштирокдорони Мулоқот, чун бо шарикони рушди кишвар ва сафирони фарҳангии Тоҷикистон, суҳбат карданд ва ба таври возеҳу равшан, бо такя ба мисолу далелҳои сершумор, мавҷудияти имконоти мусоиди фаъолияти соҳибкориро дар арсаҳои мухталиф дар сарзамини аҷдодӣ собит намуданд. Дар ин иртибот аз ҳамватанони бурунмарзии Урал даьват ба амал оварда шуд, ки донишу малакаи андӯхтаи истеҳсолию тиҷоратии худро, ҳамчун фарзандони содиқи диёри аҷдодӣ, дар Ватани маҳбубашон ба таври густурда ба кор бигиранд.
Аз суханрониҳои соҳибкорони уралии тоҷиктабор ва ходимони диаспораи маҳаллӣ маълум гардид, ки бисёре аз онҳо бо фаъолияти тиҷоратию истеҳсолии хеш мавқеи шоистаи худро дар минтақаи Урал аллакай пайдо намудаанд ва омодаанд, ки шарикони сазовору барозандаи рушди Тоҷикистон бошанд.
Дар ҷараёни Мулоқот ҳамватанони бурунмарзии муқими минтақаи Урали Россия аз минбар ва аз ҷойи нишаст, аз ҷумла оид ба зарурати рафъи баъзе мушкилиҳо ва тазодҳо дар арсаи мавриди баррасӣ, ибрози андешаву пешниҳодот намуданд.Дар ин иртибот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҷараёни Мулоқот, бидуни таъхир, ба тобеонашон як силсила супоришҳоро оид ба ҳалли масъалаҳои марбута доданд.
Аз ҷониби соҳибкорону диаспораи маҳаллии тоҷикистониён раиси Ҷамъияти тоҷикони муқими вилояти Челябинск Исломуддин Раҷабов, муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, ходимони фаъоли диаспораи маҳаллии тоҷикистониён Сайидалӣ Соҳибов, Маҳмадюсуф Сандалов, Абдуҷамил Руфатов, Мӯсо Додобоев, Сарҳад Нуриддинов, Фирдавс Тешаев, Сайвалӣ Идиев ва дигарон суханронӣ ва ибрози назар карданд.
Суҳбаторою барандаи Мулоқот Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода буд.
Аҳли Мулоқот--аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ--аз натиҷаҳои он ва услуби неку озоди муоширати раиси вилояти Суғд ва узви намоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр розӣ ва қаноатманд буданд.