Муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон дар 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "ИННОПРОМ-2023"

11.07.2023 14:55

Муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон дар 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "ИННОПРОМ-2023"
11 июли соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "ИННОПРОМ-2023"  кори худро, ки 10 июл оғоз намуда буд, идома дод.
Ба мақсади расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи  Панҷсолаи эъломшудаи рушди саноат (солҳои 2022-2026) ва бад-ин васила амалӣ намудани ҳадафи чоруми умумимиллии стратегии  "Саноатикунонии босуръати кишвар"--аввалин маротиба--Гӯшаи намоишии маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ дар масоҳати 240м2 таҳти унвони «Тоҷикистон--кишвари металлу минералхои гузаришӣ» дар тарҳи муосир ташкил карда шуд. 

Дар ин чорабинӣ Тоҷикистонро Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, роҳбарияти сохторҳои давлатӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар, ҳайати расмии вилояти Суғд бо роҳбарии раисаш Раҷаббой Аҳмадзода намояндагӣ намуданд.

Дар нимаи дуюми рӯзи 10 июл иҷлоси стратегии Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ "Иннопром-- 2023" баргузор гардид. Дар он ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва ҳайати расмии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раисаш, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода иштирок карданд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз саҳнаи толори калони ҷаласаии Маркази байналмилалии намоишгоҳӣ "Екатеринбург--ЭКСПО" дар бораи раванди саноатикунонии Тоҷикистон ва имконоти он дар арсаи густариши ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод суханронии пурмуҳтаво намуд.

Дар иҷлоси стратегии "Иннопром--2023" 10 июли соли 2023 нахуст Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия М.Мишустин, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Р.Головченко, Сарвазири Чумҳурии Қазоқистон А.Смаилов ва дигар роҳбарону масъулон аз кишварҳои минтақа ба Намоишгоҳ ҳусни оғоз бахшида, онро яке аз чорабиниҳои муваффақ ва саҳмгузор дар самти рушди соҳаи саноати кишварҳои иштирокдор арзёбӣ намуданд.

Айни замон дар Намоишгоҳ Чумҳурии Точикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва беш аз 600 ширкати саноатии кишварҳои иштирокдор дар масоҳати умумии 5 га  маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд.   
Дар давоми рӯзҳои 10-13 июл боздиди беш аз 40 000 нафар аз Намоишгоҳ  дар назар буда,  мулоқотҳои алоҳидаи коршиносон атрофи мавзӯъҳои «Истеҳсолоти устувор-стратегияи навсозӣ», «Равандҳои рушди саноат дар киишварҳои минтақа», «Рушди устувори кластерҳои саноатӣ», «Технологияи рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ », «Мутахассисон ва ҳосилнокии меҳнат», «Ҳамгироии ташкилотҳои соҳавӣ» ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.

Дар ҳошияи Намоишгоҳ, бо тамаркуз ба зарурати боло бурдани сатҳи рушду густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Федератсияи Россия, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шералӣ Кабир ва Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев дар нисфирӯзии 11 июли соли 2023 дар саҳнаи Стенди намоишгоҳии вилояти Свердловск Нақшаи амалро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат барои солҳои 2023--2026 ба имзо расониданд.
 
Ҳамзамон дар Гӯшаи миллии кишвар роҳбарону масъулини ширкатҳои ватанӣ бо ташрифовардагон ҷиҳати пайдо кардани шарики тиҷоратӣ, омӯзиши имконоти роҳандозии ҳамкорӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва муаррифии иқтидору зарфияти мавҷуда вохӯриҳои дуҷониба анҷом додаанд ва анҷом хоҳанд дод. 
 
Дар Гӯшаи саноатии кишвар як қатор маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ки ба содирот мутааллиқанд, ба маърази тамошо гузошта шуда, иштирокчиёни Намоишгоҳ бо имконоти воқеии саноатии Тоҷикистон бевосита шиносоӣ пайдо менамоянд.

Намоишгоҳ то 13 июли соли 2023 идома хохад ёфт.

sanoat-1.jpg

sanoat-2.jpg

sanoat-4.jpg

m-1.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg