Дипломати тоҷик ибодатгарони масҷиди калони Екатеринбургро бо иди "Қурбон" табрик гуфт 

29.06.2023 04:18

Дипломати тоҷик ибодатгарони масҷиди калони Екатеринбургро бо иди "Қурбон" табрик гуфт 

Субҳи барвақти 28 июни соли 2023--дар рӯзи аввали иди асосии мусулмонон «Қурбон»--Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз масҷиди Идораи рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия, ки дар кӯчаи ба номи П.Бажови пойтахти уралӣ воқеъ аст, бо сухани шодбошӣ баромад намуда, ибодатгаронро, ки аксари онхо зодагони Чумхурии Точикистон буданд, бо иди саиди "Қурбон" табрику таҳният гуфт.

Дипломати тоҷик дар суханронии табрикии худ--бо изҳори таманниёти нек ба муносибати иди "Қурбон"--аз муъминон даъват кард, ки дар ҳифзу таҳкими ризоияту созгории байнимиллӣ ва байнидинӣ дар ҷомеаи муосири россиягӣ, бақодории арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқии россиягӣ саҳми шахсии худро гузоранд ва обрӯю нуфузи уммати мусулмониро аз тариқи фаъолияти бунёдкориву созандагӣ, анҷом додани корҳои неку хайр, риояи ягонагии гуфтору амал ва татбиқи меъёрҳои ахлоқи ҳамидаи миллӣ ва имонӣ афзун бигардонанд.

Барои ҳамкориҳои пурсамари дорои аҳамияти иҷтимоӣ, аз ҷумла дар маҷрои таҳкими муносиботи дӯстии Тоҷикистону Россия,  бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург роҳбари он--пас аз суханронии табрикии худ--дар бораи бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадр гардидани раиси Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия Албир-ҳазрат Крганов, муовини ӯ Денис-ҳазрат Мустафин ва муфтии Идораи рӯҳонии(Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия ҳоҷӣ-ҳазрат Абдулқуддус Ашарин эълон намуд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовинони ҳоҷӣ-ҳазрат Абдулқуддус Ашарин--ҳоҷӣ-ҳазратон Иброҳим Ёқубов ва Маҳмадюсуф Сандалов–сипосномаҳои  муассисаи консулиро супурда, ба онон китобҳои дар ҳаммуаллифӣ иншокардаашро  оид ба таърихи Россия ва дар бораи Президенти Россия Владимир Путин тақдим намуд.

reh-jy-22.jpg

reh-jy-3.jpg

qurbon-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg