Баррасии масъалаҳои ҷалби шаҳрвандони соҳибихтисоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди иншооти муҳими сохтмонии Россия дар минтақаи Урал

04.07.2023 20:56

Баррасии масъалаҳои ҷалби шаҳрвандони соҳибихтисоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди иншооти муҳими сохтмонии Россия дар минтақаи Урал

4 июли соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо раиси Ассотсиатсияи корхонаҳои саноати сохтмонии Тоҷикистон Алишер Тоҷиев мулоқот намуд.

 Дар ҷараёни суҳбати корӣ дар фазои созанда масъалаҳои марбут ба роҳандозӣ ва густариши ҳамкорӣ дар арсаи мусоидат ба шуғли меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳавзаи федералии Урал дар иншооти саноати сохтмонии Россия, аз ҷумла дар иншооти бунёдшавандаи корпоратсияи давлатии "Росатом", ба таври муфассал муҳокимаю баррасӣ шуданд.

Дар ин қарина мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик--бо пуштибонии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия--Маркази тахассусӣ оид ба интихоби шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кор дар саноати маҳаллии сохтмонии Россия аз рӯйи ихтисосҳои дахлдори сохтмонӣ таъсис дода мешавад.

Дар мулоқот намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ва муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров  иштироки фаъолу муфид доштанд.

sokhtmon-1.jpg

sokhtmon-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg