Мусоҳиба бо мураббии муваффақи футболбозон
4 июли соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ходими муваффақи варзиши вилояти Челябинск, сармураббии дастаи челябинскии футболбозони ҷавон Бахтиёр Давлатёрзода Давлатовро ба ҳузур пазируфт.
Дипломати тоҷик ба ҳамсуҳбати худ сипосномаи Муассисаи консулиро тақдим карда, бо ӯ масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаро дар бахши тарбияи насли наврас дар рӯҳияи пойбандӣ ба тарзи ҳаёти солим мавриди баррасию гуфтугӯ қарор дод.
Дар ин мулоқот намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ва муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров иштирок доштанд.