Мулоқот бо ходимони ҷамъиятии шаҳри Екатеринбург
15 июни соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муассис ва президенти Бунёди хайриявии мусоидат ба пешбурди технологияҳо ва ибтикорҳои инклюзивӣ Елена Осипова ва ходими ҷамъиятию фарҳангӣ, ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-драмавии ш.Екатеринбург Элвина Калмыкова мулоқот намуд.
Зимни суҳбати озоду созанда масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкорӣ ба хотири мусоидат ба мутобиқсозии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ба муҳиту арзишҳои ҷамъияти муосири россиягӣ ва иштироки эҳтимолии Елена Осипова ва Элвина Калмыкова дар Намоишгоҳ--ярмаркаи 9-уми байналмилалии савдои «Суғд – 2023» дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон мавриди гуфтугӯю баррасӣ қарор ёфтанд.
Дипломати тоҷик ҷиҳати амалӣ сохтани ҳамкории муфид бо ходимони номбурдаи ҷамъиятӣ изҳори омодагӣ намуд.