Суҳбати судманд бо намояндаи расмии ширкати "Сомон Эйр" дар пойтахти уралӣ

16.06.2023 01:17

Суҳбати судманд бо намояндаи расмии ширкати "Сомон Эйр" дар пойтахти уралӣ

15 июни соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо намояндаи расмии ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" дар Фурудгоҳи байналмилалии "Колтсово"-и шаҳри Екатеринбург Фирӯз Зоҳидов мулоқот намуд.

Мусоҳибон масъалаҳои мубрами ҳамкориро бо дарназардошти таъмини татбиқи амалии  манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи авиатсияи шаҳрвандии мусофирбар дар самти уралӣ  мавриди гуфтугӯю баррасӣ қарор доданд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат аз дархостҳои сершумори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва, умуман, ҳамватанон, дар мавриди зарурати дар як ҳафта аз як то ба се хатсайр зиёд намудани хатсайрҳои ширкати "Сомон Эйр" ба шаҳри Екатеринбург ва аз сар гирифтани парвозҳои мусофирбар дар масири "Хуҷанд—Екатеринбург--Хуҷанд" пуштибонӣ намуд.

somon.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg