Суҳбати судманд дар бораи ҳамкориҳо бо рассоми барҷастаи россиягӣ
16 июни соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо рассоми барҷастаи россиягӣ, асосгузори техникаи нодири рассомӣ бо номи «филумизм» Игор Рязантсев мулоқот намуд.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт, дипломати тоҷик ва рассоми рус баъзе ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамкориро дар соҳаи фарҳанг баррасӣ карданд.
Дар ин пасманзар таваҷҷуҳ ба пешниҳодҳои Игор Рязантсев оид ба дар Тоҷикистон ташкил кардани Намоишгоҳи асарҳои бадеӣ (расми 100-метраи рассоми номбурда) бахшида ба "Роҳи бузурги абрешим" ҷалб гардид.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт изҳори омодагӣ намуд.