Музокирот бо намояндаи роҳбарикунандаи ширкати бонуфузи нақлиётии Россия "КIT"
Нимаи дуюми рӯзи 16 июни соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо директори департаменти ширкати бонуфузи нақлиётии Россия "КIТ" Игор Долганов мулоқот намуд.
Зимни суҳбати судманди корӣ масъалаҳои роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ширкати нақлиётии россиягӣ «КIТ» ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаҳои манфиатҳои созандаи муштарак мавриди табодули афкору баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба мавзӯи ҷалби қувваи кории тоҷикистонӣ ба ин ширкати нақлиётии россиягӣ, ки дар он шароити хубу ҷолиби фаъолияти меҳнатӣ фароҳам аст, бахшида шуд.
Мусоҳибон оид ба идомаи ҳамкориҳои мақсадноки минбаъда дар ин самт бо иштироки бевоситаи намояндаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ба мувофиқа расиданд.