Мулоқоти судманд бо намояндаи москвагии ҶДММ «Саховат» оид ба татбиқи манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик
Дар нимаи дуюми рӯзи 22 июни соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо сардори бахши кор бо шарикони ҶДММ «Саховат» Ҷамшед Азимуродов, ки аз шаҳри Москва ба пойтахти уралӣ омадааст, мулоқот намуд.
Дар ҷараёни суҳбати судманд оид ба роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳои дар арсаи беҳсозии некуаҳволии иҷтимоию иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ, ки дар Ҳавзаи федералии Урал кору зиндагӣ мекунанд, тавофуқ ҳосил шуд.Аз ҷумла роҷеъ ба хизматрасонии барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ боби бонкӣ аз ҷониби ҶДММ "Саховат" сухан рафт.