Иштирок дар Фестивали байналмилалии бозиҳои миллии кӯчагӣ дар шаҳри Екатеринбург
24 июни соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова дар Боғи екатеринбургии марказии фарҳанг ва фароғати ба номи В.В.Маяковский дар Фестивали байналмилалии бозиҳои миллии кӯчагӣ бахшида ба ҷашни 300-солагии шаҳри Екатеринбург ширкат карданд.
Дар доираи ин Ҷашнвораи байналмилалӣ аз ҷониби неруҳои ҷамъияти тоҷикон "Дидор" дар ҳудуди Боғ гӯшаи миллии фарҳангии тоҷикон ороста шуд.Дар наздикии он гӯшаҳои ӯзбекию қиргизӣ низ буданд.
Фаъолони диаспораи тоҷик--бо иштироки меҳмонони Фестивал--бозиҳои миллии «шлӣ», «плинчгӯкбозӣ» ва «лянга»--ро роҳандозӣ карданд.
Аз гӯшаи миллӣ-фарҳангии тоҷикон Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов дар навбати аввал шахсан боздид намуда, бо қоидаҳои бозиҳои миллии тоҷикӣ шинос шуд, бо яке аз онҳо худаш бозӣ карда, оид ба ҳамкориҳои минбаъда бо дипломати тоҷик ва роҳбари ташкилоти диаспоравии вилоятӣ суҳбати кӯтоҳе кард.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонони гӯшаи миллӣ-фарҳангии тоҷиконро худаш гарм пазироӣ намуда, ба онҳо дар бораи ҳувияти миллии фарҳангӣ ва дастовардҳои маънавию фарҳангии мардуми тоҷик нақл кард.