Мулоқоти судовар  бо ходими маънавии ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбург

20.06.2023 03:51

Мулоқоти судовар  бо ходими маънавии ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбург

19 июни соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ходими маънавии ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбург, қории Қуръони Маҷид, хатмкунандаи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ҳоҷӣ Суннатулло Кароматзода Сулаймонов мулоқот намуд. 

Дар ҷараёни суҳбати пурмуҳтаво таваҷҷуҳи асосӣ ба мавзӯи зарурати тақвияту такмили тарбияи ахлоқии насли ҷавони тоҷикистониёни муқими минтақаи Урал зоҳир гардид.

Ҳамсуҳбатон ҳамфикр дар он буданд, ки дар ин арса инконоти бузурги тарбиявию фаҳмондадиҳии масҷидҳои маҳаллиро, ки аксарияти ибодатгаронашон, масалан, дар шаҳри Екатеринбург ҷавонони тоҷикистонӣ мебошанд, мавриди татбиқи амалии муфид қарор бояд дод.

imom-3e.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg