Иштироку суханронӣ дар маросими хатму ҷамъбасти курсҳои омӯзишии томактабӣ барои кӯдакону наврасони тоҷик дар ш.Екатеринбург

19.06.2023 03:40

Иштироку суханронӣ дар маросими хатму ҷамъбасти курсҳои омӯзишии томактабӣ барои кӯдакону наврасони тоҷик дар ш.Екатеринбург

18 июни соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Сверловск "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова дар маросими хатму ҷамъбасти курсҳои омӯзишии томактабӣ барои фарзандони аъзои ҷамъияти маҳаллии тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар бинои маъмурӣ таҳти унвони "Маркази ибтикороти ҷамъиятӣ" мутааллиқ ба  Маъмурияти ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаи Техническая 42а  дар моҳи апрели соли равон оғоз ёфта буданд,  иштирок намуданд.

Дар маросими хатму ҷамъбасти курсҳои омӯзишӣ кӯдакону наврасонро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр намуда, табрику таҳният гуфтанд. 

Дар ин маросим Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода, роҳбари ҷамъияти маҳаллии тоҷикон Мастбегим Ошурбекова, муовини сарвари Маъмурияти ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Екатеринбург--роҳбари дастгоҳи Маъмурияти номбурда Лилия Белоблотская, ёвари вакили Думаи шаҳрии Екатеринбург Елена Кондратева, раиси Гилдияи уралии омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, роҳбари Пружаи  "Мактаби якшанбегӣ", номзади илмҳои сиёсӣ Алексей Боталов суханрониҳои табрикиву шодбошӣ намуданд.

Дипломати тоҷик китобҳои дар ҳаммуаллифӣ иншокардаи хешро оид ба таърихи Россия ва симои сиёсиву маънавии Президенти Россия Владимир Путин ба иштирокдорони маросими маърифатӣ эҳдо намуд.

Курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи "Гилдияи уралии омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ" (Ассоциация "Уральская гильдия преподавателей русского языка как иностранного") дар доираи Пружаи "Мактаби якшанбегии забони русӣ барои наврасони синни томактабӣ" ("Воскресная школа русского языка для дошкольников"), бо пуштибонии роҳбарони Маъмурияти ноҳияи Роҳи оҳани ш.Екатеринбург ва дар ҳамкории бевосита бо Ҷамъияти тоҷикон "Дидор", ба таври ройгон, ташкил гардида буданд. 

Дар навбати аввал 28 нафар кӯдакону наврасони тоҷик, ки бо талошҳои Мастбегим Ошурбекова сарҷамъ шуда буданд, бо ин курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд ва ба онҳо омӯзгорони касбӣ таълим додаанд. 

Аз рӯи нақшаи роҳбарони ин Пружа, дар оянда имкони доираи васеътари ҳамватанонро бо ин машғулиятҳо фаро гирифтан мавҷуд аст.

Дар маросими хатму ҷамъбасти курсҳои омӯзишӣ волидони кӯдакону наврасони таълимгирифта низ ширкат намуданд.

kudak-1.jpg

kudak-2.jpg

kudak-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg