Иштирок дар Мулоқот оид ба муаррифии чорабиниҳои асосӣ дар пойтахти уралӣ дар чаҳорчӯбаи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром"

15.06.2023 03:36

Иштирок дар Мулоқот оид ба муаррифии чорабиниҳои асосӣ дар пойтахти уралӣ дар чаҳорчӯбаи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром"

14 июни соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар Мулоқот оид ба муаррифии чорабиниҳо бо ширкати иштирокчиёну меҳмонони хориҷии Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии саноатии "Иннопром" ва ҳафтумин «ЭКСПО»-и Россия ва Чин, ки дар ш.Екатеринбург аз 10 то 13 июли соли 2023 баргузор мешаванд, ҳузур дошт.

Ҷаласаи муаррифӣ, ки дар он роҳбарони муассисаҳои консулӣ ва тиҷоратии хориҷии дар ш.Екатеринбург сабтиномшуда ширкат доштанд, дар "Толори таърихӣ"-и қароргоҳи Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия баргузор шуд.  

Дар Мулоқот муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Ярин, муовини Вазири сармоягузорӣ ва рушди вилояти Свердловски Федератсияи Россия Елена Хлыбова, муовини Сарвари шаҳри Екатеринбург--роҳбари дастгоҳи Маъмурияти шаҳри Екатеринбург Марина Фадеева ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд.

Муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов тавассути маърӯзааш 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром" ва Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии "ЭКСПО"-и  Россияву Чинро  ба таври муфассал ва дар сатҳи баланди касбӣ муаррифӣ кард.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, муовини Сарвари шаҳри Екатеринбург--роҳбари дастгоҳи Маъмурияти шаҳри Екатеринбург Марина Фадеева, муовини Вазири сармоягузорӣ ва рушди вилояти Свердловски Федератсияи Россия Елена Хлыбова низ суханрониҳои ҷолибу судовар намуданд.

Дар ҷараёни Мулоқот ҷиҳати баррасии масъалаҳои мубрами марбут ба омода кардани чорабиниҳо дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳҳои байналмилалӣ мубодилаи судманди афкору пешниҳодот сурат гирифт.

Мулоқот пас аз суханронии ниҳоии муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов анҷом ёфт.

innoprom-1.jpg

innoprom-3.jpg

innoprom-4.jpg

bbbbbb.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg