Иштирок дар Ҷашнвораи фарҳангҳои миллӣ дар «Рӯзи Россия» дар ноҳияи Сисерти вилояти Свердловски Федератсияи Россия
12 июни соли 2023-дар "Рӯзи Россия"-Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ба шаҳраки "Светлый"-и ноҳияи Сисерти вилояти Свердловски Федератсияи Россия сафар карда, дар майдони назди Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Виктория» дар шашумин Фестивали фарҳангҳои миллӣ таҳти унвони "Рангорангии нигоравии миллӣ" фаъолона иштирок намуданд.
Фестивал ба таҳкими ваҳдати мардумони Россия, аз ҷумла тоҷикону тоҷикистониёни муқими ҳавзаи шаҳрии Арамил, инчунин ба тарғиби ҳувияти миллӣ, анъана ва фарҳанги миллату халқиятҳои Урали Миёна бахшида шуда буд.
Дар Ҷашнвора гӯшаҳои миллӣ, аз ҷумла гӯшаи миллии тоҷикӣ, ки аз ҷониби аъзои жюрии Фестивал яке аз баҳоҳои баландтарини озмунро гирифт, фаъолияту меҳмондорӣ мекарданд.
Гӯшаи миллии тоҷикиро--бо мусоидати муассисаи консулӣ--муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, аъзои Шӯрои номбурда Аҳлиддин Саидов ва Алишер Раҳимов бунёду тадорук доданд.
Сарвари Ҳавзаи шаҳрии Арамили вилояти Свердловски Федератсияи Россия Марина Мишарина ба гӯшаи миллии тоҷикӣ дар байни гӯшаҳои дигари миллии Фестивал, аввалин шуда, ташриф овард.Вай мафтуни гӯшаи миллии тоҷикӣ гашта, бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар фазои дӯстиву самимият оид ба ҳамкорӣ дар ояндаи наздик табодули афкору пешниҳодҳои созанда кард.
Фестивалро сарвари Ҳавзаи шаҳрии Арамил Марина Мишарина ботантана ифтитоҳ намуд.Дар маросими мутантани ифтитоҳи Ҷашнвора мушовири Муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Илья Захаров, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва чеҳраҳои соҳибобрӯйи сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва динии минтақаи Урали Миёна низ суханрониҳои шодбошию табрикӣ карданд.
Дар доираи Фестивал озмунҳои гӯшаҳои миллӣ ва хаваскорони эҷодиёти мардумӣ, бозиҳои оммавии миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, барномаи контсертии "Россияро дӯст медорем!" баргузор шуданд.