Иштироку суханронӣ дар ҷаласаи маҳфили "Ротари клуб "Екатеринбург""

08.06.2023 01:10

Иштироку суханронӣ дар ҷаласаи маҳфили "Ротари клуб "Екатеринбург""

7 июни соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, бо даъвати расмӣ, ба сифати меҳмони фахрӣ, дар ҷаласаи навбатии маҳфили "Ротари клуб "Екатеринбург"" (34-умин ҷаласа дар соли ҷорӣ), ки дар яке аз толорҳои меҳмонхонаи екатеринбургии «Тенет» баргузор шуд, иштироку суханронӣ намуд.

Маҷлис таҳти раёсати Александр Викторов ҷараён гирифт.

Дипломати тоҷик ба ширкаткунандагони мулоқот роҷеъ ба мавзӯи роҳандозӣ, рушд ва таҳкими равобити байниминтақавии Тоҷикистону Россия дар арсаҳои гуногун дар марҳалаи кунунӣ нақл кард.

Гузориши иттилоотию таҳлилии Консули генералӣ, андешаҳои сиёсӣ ва фалсафӣ, хулосаҳо ва арзёбиҳои ӯ бо таваҷҷуҳу мароқи зиёд пазируфта шуданд.

Сардори муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама саволҳои ротаричиёни Урали Миёна посухҳо дод.

Дар ин қарина, ҳамчун илова ва идомаи хубу бамаврид, суханронии ҷолибу саҳеҳи сайёҳи варзида Дмитрий Карпов дар бораи сафари ахираш ба Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2023 садо дод.

Яке аз бандҳои рӯзномаи вохӯрӣ ғайримуқаррарӣ таҳия шуда буд: "33 савол ба онҳое, ки дар паҳлуи моянд",--дар бораи узви маҳфил "Ротари клуб" Марина Баишева чизҳои нави нек мефаҳмем.

Баъд аз муайян кардани макон, замон ва рӯзномаи ҷаласаи нави навбатии маҳфил ва баёну шарҳи ахбори мухталифи муҳим дар бораи Урали Миёна, Россия ва дунё ҷаласаи "Ротари клуб "Екатеринбург"" хотима ёфт.

klub-1.jpg

klub-2.jpg

klub-3.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg