Иштирок дар нишасти ифтитоҳии иҷлосияи 16-уми Конгресси ҳуқуқии АвруОсиё дар шаҳри Екатеринбург
1 июни соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар Ҷаласаи пленарии иҷлосияи 16-уми Конгресси ҳуқуқии АвруОсиё, ки дар маркази пойтахти уралӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Ҷаласаи 16-уми Конгрессро таҳти унвони «Тавозуни манфиатҳо дар соҳаи ҳуқуқ» ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал ба номи В.Ф.Яковлев, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Владимир Бублик ҳусни оғоз бахшид.
Дар ҷараёни мубоҳисаи пленарии Ҷаласаи пленарии Конгресси ҳуқуқӣ, ки модератори (барандаи) он Максим Путинтсев буд, зиёда аз 10 маърӯзачӣ ба сухан баромаданд. Дар миёни онҳо директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Хайрулло Мирзамонзода ҳузур дошт ва ибрози андешаҳои илмӣ кард.
Дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 16-уми Конгресси ҳуқуқӣ таҳти унвони "Тавозуни манфиатҳо дар соҳаи ҳуқуқ" аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иззатулло Маҳмудов, мудири клиникаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи (Славянии) Россияву Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Наргис Шукурова ва мутахассиси пешбари клиникаи ҳуқуқшиносии болозикр Вячеслав Пияров ширкат намуданд.