Вохӯрӣ бо олимони шинохтаи тоҷик дар пойтахти уралӣ
2 июни соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Хайрулло Мирзамонзода ва мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Иззатулло Маҳмудов, ки барои иштирок дар кори иҷлосияи 16-уми Конгресси ҳуқуқии АвруОсиё таҳти унвони "Тавозуни манфиатҳо дар соҳаи ҳуқуқ" ба шаҳри Екатеринбург омадаанд, мулоқот намуд.
Зимни суҳбати дӯстонаи пурмуҳтаво бо олимони тоҷик, ки дар он мудири Клиникаи ҳуқуқии Донишгоҳи (Славянии) Россияву Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Наргис Шукурова ва мутахассиси пешбари Клиникаи ҳуқуқии номбурда Вячеслав Пияров иштирок доштанд, дипломати тоҷикистонӣ ба суханрониҳову маърӯзаҳои ҳамсуҳбатони худ дар Конгресси ҳуқуқӣ баҳои баланд дода, аз саҳми арзандаи шахсии онҳо дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи илму маориф дар самти уралӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, профессор Хайрулло Мирзамонзодаро ба муносибати аз ҷониби Конгресси ҳуқуқӣ ба вазифаи раиси Консортсиум "Донишгоҳи ҳуқуқии Аврупову Осиё" интихоб шуданаш самимона табрику таҳният гуфт.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамсуҳбатони фарзонаи худ роҷеъ ба нақшаҳои наздикашон оид ба густариши ҳамкории созанда бо ҳамтоёни уралияшон пурсон шуд ва дар ин иртибот омодагии комили хешро ба расонидани ҳама гуна кумакҳои сиёсиву дипломатӣ ҷиҳати рушду таҳкими он изҳор дошт.
Роҳбари муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамсуҳбатон–ҳамватанони худ китобҳояшро, ки солҳои охир дар минтақаи Урал нашр кардааст, ҳадя кард.
Дар нимаи аввали рӯзи 2 июни соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода дар бахши илмӣ--мубоҳисавии Конгресси ҳуқуқии АвруОсиё таҳти унвони "Коста шудани тавозуни манфиатҳо дар шароити тақвияти тазодҳои тамаддунӣ ва назорати боломиллӣ: пайомадҳои ҳуқуқӣ ва фалсафию ҷаҳонбинӣ" оид ба мавзӯи марбут ба вижагиҳои фаъолияти идеологии давлати муосир маърӯзаи илмӣ кард.