Иштироку суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони давлатҳои хориҷии назди Сарвари шаҳри Екатеринбург бахшида ба рӯйдодҳои байналмилалии ҷашни 300-солагии пойтахти уралӣ
31 майи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони давлатҳои хориҷии назди Сарвари шаҳри Екатеринбург, ки дар бинои Маркази байналмилалии санъат "Хиёбони асосӣ" воқеъ дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардид, иштирок намуд.
Ҷаласаи Шӯро, ки бо сухани муқаддимавӣ ва таҳти раёсати Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов ифтитоҳу ҷараён ёфт, ба таҳияи рӯзномаи байналмилалии таҷлили 300-солагии шаҳри Екатеринбург бахшида шуда буд.
Дар бораи барномаи чорабиниҳои расмию тантанавӣ дар чаҳорчӯбаи Рӯзҳои ҷашнии шаҳр муовини сардори Раёсати фарҳанги Маъмурияти шаҳри Екатеринбург Любовь Бондаренко муфассал суханронӣ кард.
Роҷеъ ба Фестивали гастрономии «Оре, сарошпаз!» — бо намоиши видеомавод — директори Боғи марказии маданият ва истироҳати шаҳри Екатеринбург ба номи В.Маяковский Павел Зубакин иттилоъ дод.
Директори Фестивали мусиқии «Шаби мусиқии Урал» Евгений Горенбург ба иштироккунандагони ҷаласаи Шӯро оид ба тафсилоти ҷолиби Фестивали мусиқии «Шаби мусиқии Урал» ва Фестивали байналмилалии китоби «Сатри сурхранг» нақл кард.
Менеҷери пружаи Фестивали "Stenograffia" Анна Клетс дар бораи ин Ҷашнвораи банақшагирифташуда суханронӣ намуд.
Суханронии Консули генералии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Екатеринбург Цуй Шаочун ба мавзӯи марбут ба иштироки намояндагони Чин дар чорабиниҳои ҷашни 300-солагии шаҳри Екатеринбург бахшида шуда буд.
Дар ҷараёни муоширати озод Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар доираи Фестивали байналмилалии бозиҳои миллии кӯчагӣ бахшида ба 300-солагии шаҳри Екатеринбург гӯшаҳои фарҳангии миллӣ, аз ҷумла гӯшаи фарҳанги тоҷикӣ, низ ташкил ва муаррифӣ шаванд.
Дипломати тоҷик пешниҳод намуд, ки--бо ширкати шахсии худаш - дар чаҳорчӯбаи Ҷашнвораи байналмилалии китоб "Сатри сурхранг" муаррифии китоби нависандаи тоҷик Воҳид Ғаффорӣ таҳти унвони "Владимир Путин. Нигоҳе аз "Боми ҷаҳон"" баргузор карда шавад.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод намуд, ки масъалаи иштироки дастаи боистеъдоди ҳунарии Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷик "Дидор"" дар ҷашнвораи бузурги мусиқӣ барои сокинони шаҳри Екатеринбург таҳти унвони "Шаби мусиқии Урал" баррасӣ ва ба таври мусбат ҳал карда шавад.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Берг, муовини Сарвари шаҳри Екатеринбург, роҳбари дастгоҳи Маъмурияти шаҳри Екатеринбург Марина Фадеева, консулхои генералӣ ва фахрии давлатҳои хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург дар ҷаласаи Шӯро фаъолона ширкат варзиданд.
Иштироккунандагони ҷаласаи Шӯро--қабл аз оғози кори он-- бо экспонатҳои Намоишгоҳ таҳти унвони «Инҷил.Китоби ҷовидонӣ» ва Галлереяи нигораҳои нодиру арзишманди рассоми боистеъдоди рус Игорь Рязантсев ошноӣ пайдо карданд.