Суҳбат бо донишҷӯёни ҳамватан
31 майи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Ёқубов ва Музаффар Маҳмадаминзодаро, ки аз тариқи мубодилаи донишҷӯён таҳсили шашмоҳаро, сар карда аз моҳи январи соли 2023, дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ба анҷом расонидаанд, ба ҳузур пазируфт.
Донишҷӯёни тоҷикистонӣ ба дипломати тоҷик дар бораи сатҳу сифати таҳсил, вижагиҳои он ва ҷамъбасташ дар Донишгоҳи маъруфи росссиягӣ муфассал нақл карданд, таассуроти мусбати худро оид ба таҳсил дар шаҳри Екатеринбург ва ҷомеаи муосири россиягӣ иброз доштанд.
Дар навбати худ, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамватанони ҷавони худ оид ба корҳои гуногунҷанбае, ки дар тӯли зиёда аз се сол ба хотири роҳандозӣ, рушд ва таҳкими муносибатҳои ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши мактабҳои олӣ, анҷом медиҳад, нақл кард.
Дипломати тоҷик китобҳои дар солҳои ахир нашркардаашро ба донишҷӯёни ҳамватани худ ҳадя намуд.