Мулоқот дар ш.Екатеринбург бо гурӯҳи коршиносони Пружаи  умумироссиягӣ 

26.05.2023 18:10

Мулоқот дар ш.Екатеринбург бо гурӯҳи коршиносони Пружаи  умумироссиягӣ 

26 майи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо гурӯҳи коршиносони Пружаи умумироссиягӣ таҳти унвони «Этник: стратегия дар амалия»(Евгения Михалёва аз ш.Москва ва Ирина Вейсман аз ш.Саратов)  вохӯрӣ баргузор намуд.

Зимни  мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами мутобиқсозии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирони меҳнатӣ, ташаккули симои мусбати онҳо дар афкори ҷомеа ва фазои ахбори умум бо истифода аз имконоти дипломатияи мардумӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.

 Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски "Диаспораи тоҷикон "Дидор""  Мастбегим Ошурбекова, муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров дар ҷараёни муколама ибрози назару пешниҳодот карданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Анастасия Охрименко ва Бунёди фаъолнокии ҷамъиятӣ "Идея" (вилояти Свердловск) Элмира Самохина иштирок доштанд.

mig-1.jpg

mig-2.jpg

mig-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg