Иштирок дар "Рӯзи фарҳанги тоҷик" дар Коллеҷи тиббии вилоятӣ воқеъ дар ш.Екатеринбург

29.05.2023 09:04

Иштирок дар "Рӯзи фарҳанги тоҷик" дар Коллеҷи тиббии вилоятӣ воқеъ дар ш.Екатеринбург

27 майи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷикон "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова дар бинои таълимии рақами 2-и Коллеҷи тиббии вилояти Свердловск дар доираи Фестивали фарҳангҳои миллӣ таҳти шиори «Мо якҷоем» дар чорабиниҳои «Рӯзи фарҳанги тоҷик» иштирок намуданд.

Дипломати тоҷик ва роҳбари Созмони диаспораи маҳаллии тоҷик бо шароити раванди таълиму тарбия дар ин муассисаи таълимӣ ошно шуда, масоили ҳамкориро бо роҳбарияти он баррасӣ намуда, аз Намоишгоҳи фарҳанги тоҷик, ки аз ҷониби донишҷӯён-зодагони Тоҷикистон омода шуда буд, дидан карданд ва онро шарҳу тавзеҳ доданд. Онҳо дар маросими ифтитоҳи «Рӯзи фарҳанги тоҷик» иштирок карда, суханрониҳои шодбошӣ намуданд ва директори Коллеҷи тиббии вилояти Свердловск, ки дар минтақаи Урал ва тамоми Россия маъруф аст, Ирина Левинаро бо "Ифтихорнома" ва "Сипоснома" сарфароз гардониданд.

Қисмати фарҳангию бадеии чорабинӣ бо иштироки донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар сатҳи баланд баргузор шуда, пурмуҳтаво ва ҷолиб буд ва бо шодмонию саногӯйии аҳли толор истиқбол гирифта шуд.

Ҷашнвораро Коллеҷи тиббии вилояти Свердловск ва Маркази захиравии ҳамкории байнимиллии "Евразия"" созмон додаанд.

Ба ин чорабинӣ коршиносони Пружаи умумироссиягии «Этник: стратегия дар амалия» низ даъват шуда буданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур мусоидат ба ташаккули ҷаҳонбинии солими том ва ҳувияти шаҳрвандии умумироссиягӣ дар миёни ҷавонон, беҳсозии муносибатҳои байнимиллӣ  дар байни онон, тарбияи эҳтиром нисбат ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ, фароҳам овардани шароит барои мубодилаи байнифарҳангӣ, бақодорӣ, рушду густариш ва тарғиби мероси миллии суннатии фарҳангии мардумони сокини Урали Миёна мебошанд.

Дар Коллеҷи тиббии вилояти Сверловск 15 ҳазор нафар омӯзгорону донишҷӯён кору таҳсил мекунанд, 13 бахшу филиал бомуваффақият фаъолият доранд. Дар ин Коллеҷ зиёда аз 300 нафар зодагони Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 200 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

farhang-1.jpg

farhang-2.jpg

farhang-6.jpg

farhang-7.jpg

farhang-9.jpg

farhang-10.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg