Роҳбарони Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург вазъи кунунӣ ва дурнамои наздики фаъолияти Шӯроро баррасӣ карданд
23 майи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовинони худ дар Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ Ёқубҷон Умаров ва Беҳрӯз Холиқов, ки намояндаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал мебошад, мулоқот намуд.
Зимни суҳбат оид ба татбиқи Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар нимаи дуюми соли 2023 табодули афкору андеша сурат гирифт.
Ба сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳо бо роҳбарияти Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург( воқеъ дар кӯчаи Горнистов, 15/4) ва идораҳои рӯҳонии мусулмонони вилояти Свердловск дар самти мусоидат ба мутобиқсозии иҷтимоию фарҳангии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамъияти муосири россиягӣ баҳои мусбат дода шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба баъзе масъалаҳои мушкилдори марбут ба соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва раванди ихроҷи иҷбории маъмурии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ аз ҷумлаи вайронкунандагони қонунгузории муҳоҷиратӣ аз қаламрави Россия дода шуд.
Ҳамсуҳбатон тасмим гирифтанд, ки роҷеъ ба ин масъалаҳо ба Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар шакли мактуби расмии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо зикри пешниҳодоти асоснок ба хотири ҳалли мусбати онҳо муроҷиат бояд кард.