Суҳбати муфид бо муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия
23 майи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовини Губернатори вилояти Свердловск Василий Козлов суҳбати дунимсоата дошт.
Дар ҷараёни суҳбати муфассали созанда нақшаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар нимаи дуюми соли 2023 ва баъзе масъалаҳои ҳалталаби арсаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва танзими он мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.

