Маърӯзаи онлайнӣ дар "Мизи мудаввар"-и байналмилалии Форуми иқтисодии авруосиёии ҷавонон дар ш.Екатеринбург

25.04.2023 13:19

Маърӯзаи онлайнӣ дар "Мизи мудаввар"-и байналмилалии Форуми иқтисодии авруосиёии ҷавонон дар ш.Екатеринбург

25 апрели соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар кори Ҳамоиши 13-уми иқтисодии авруосиёии ҷавонон ба таври онлайнӣ ширкат варзида, дар Мизи мудаввари байналмиллалӣ оид ба мавзӯи «Ҳудудҳои инноватсияҳо: имконот ва уфуқҳои нав», ки дар шаҳри Екатеринбург дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал баргузор гардид, маърӯзаи онлайнӣ кард.

Модератори «Мизи мудаввар» директори Донишкадаи таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, доктори илмҳои иқтисодӣ Элина Закирова буд.

Суханронии онлайнии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзӯи модернизатсияи Тоҷикистон ба хотири бунёди «иқтисоди сабз» ва саноатикунонии босуръати он ҷиҳати табдил шуданаш аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари саноатӣ--аграрӣ бахшида шуда буд.

Дар ин «Мизи мудаввар»-и байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ноиби ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба робитаҳои байналмилалӣ Даврон Бобоҷонов ҳузуран иштирок намуда, маърӯзааш ҷолибу пурмуҳтаво садо дод.

onlain.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg