Дипломати тоҷик ҳамватанаш-- Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокси тайиро бо Ифтихорнома сарфароз гардонд 

20.04.2023 19:52

Дипломати тоҷик ҳамватанаш-- Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокси тайиро бо Ифтихорнома сарфароз гардонд 

20 апрели соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ҳамватани худ--талабаи синфи 9-уми мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 87-и шаҳри Екатеринбург Ҷамурод Қурбоновро ба ҳузур пазируфт.

Ҷамурод Қурбонов аз 11 то 15 марти соли 2023 дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба бокси муатай (бокси тайӣ) дар Тайиланд ширкат карда, дар вазни то 60 килограмм унвони Қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.

Дипломати тоҷик бо Ҷамурод Қурбонов суҳбати самимӣ намуда, ӯро бо пирӯзии варзишии сатҳи ҷаҳонӣ сидқан табрик гуфт ва  ӯро бо Ифтихорномаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург қадру сарфароз гардонд.

qahramon-1.jpg

qahramon-2.jpg

qahramon-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg