Сарвари шаҳри Екатеринбург ва Консули генералии Тоҷикистон дар шанбегии донишҷӯён якҷо иштирок карданд
Маъмурияти шаҳри Екатеринбург гузаронидани силсилаи шанбегиҳоро таҳти унвони "Екатеринбург - шаҳри ободу тоза" ба нақша гирифтааст, ки ба ошноии ҷавонони маҳаллӣ ва ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ дар пойтахти уралӣ мусоидат хоҳад кард.
19 апрели соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, бо даъвати муовини Сарвари шаҳри Екатеринбург – роҳбари дастгоҳи Маъмурияти шаҳри Екатеринбург Марина Фадеева, дар шанбегие, ки дар ҳудуди боғи назди Донишгоҳи давлатии роҳи оҳани Урал барпо гардид, ҳамроҳи Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов иштирок кард.
Донишҷӯён, қабл аз оғози шанбегӣ, Сарвари шаҳри Екатеринбург, ҳамкорони ӯ ва дипломати тоҷикро самимона ва бо рақсу ҳунарнамоӣ истиқбол гирифтанд.
Алексей Орлов, дар навбати худ, суханронии шодбошии гарму пурмазмун карда, дар шанбегӣ ҳамроҳи ҳамкоронаш ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ва бо табъи болида иштирок намуд.
Сарвари шаҳри Екатеринбург ва дипломати тоҷик аз боғ дидан карда, бо донишҷӯёну омӯзгоронашон суҳбатҳои пурмуҳтавои ғайрирасмӣ анҷом доданд ва ба саволҳои хабарнигорони воситаҳои маҳаллии ахбори умум, ки ба ин иқдоми судманди Маъмурияти шаҳри Екатеринбург таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд, посухҳо доданд.