Иштироку суханронӣ дар "Шоми фарҳанги исломӣ ва ризоияти байнидинӣ" дар шаҳри Верхняя Пишмаи вилояти Свердловски Федератсияи Россия
Шомгоҳони 18 апрели соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр дар “Шоми фарҳанги исломӣ ва ризоияти байнидинӣ”, бо даъвати раиси Идораи рӯҳонии (Муҳтасиботи Урал) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия, муфтӣ--муҳтасиб Артур--ҳазрат Муҳутдинов, иштирок намуд.
Ин чорабинии маънавию ахлоқӣ ва фарҳангию маърифатӣ, ки дар шакли ифтори мутантан баргузор гардид, дар "Масҷиди мисин" ба номи имом ал--Бухории шаҳри Верхняя Пишма доир карда шуд.
Чорабиниро муфтӣ–муҳтасиб Артур–ҳазрат Муҳутдинов ифтитоҳ ва барандагӣ намуд.
Дар ин чорабинӣ суханрониҳои пурмуҳтавои муовини Сарвари ҳавзаи шаҳрии Верхняя Пишмаи вилояти Свердловски Федератсияи Россия Алексей Редин, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, Консули Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Екатеринбург Аскар Аскаров, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия дар минтақаи Урал Ҳайдар Гилфанов, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Ҳоҷӣ Абдулкаримов, намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Ингушетияи Федератсияи Россия дар Ҳавзаи федералии Урали Федератсияи Россия Куреш Аушев, президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии "Ҷамъияти гурҷиён Сакартвело"" Нукрӣ Чавлеишвили, имом-хатиби "Масҷиди мисин"--и шаҳри Верхняя Пишма Рӯшан--ҳазрат Камолитдинов, дигар иштироккунандагон ва меҳмонони фахрии ин чорабинӣ мавриди мароқу таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифтанд.
Дипломати тоҷик дар суханронии худ таваҷҷуҳи ширкаткунандагони Шабнишиниро ба ҷанбаҳои ахлоқии фарҳанги исломӣ, нақши ҷиддии мусбати дини мубини Ислом дар ҳифзу таҳкими арзишҳои суннатии маънавию ахлоқӣ, таъмини ризоияти байнидинӣ ва байнимиллӣ дар ҷомеаи муосири россиягӣ ҷалб намуда, роҷеъ ба дастовардҳо ва равишҳои нави Тоҷикистони муосир дар арсаи ҳифзу густариши фарҳанги исломӣ ва татбиқи амалии принсипи озодии виҷдон дар кишвар нақл кард.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз суханронии худ, барои ҳамкориҳои судманд бо дипломатҳои тоҷик раиси Идораи рӯҳонии (Муҳтасиботи Урал) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия, муфтӣ–муҳтасиб Артур–ҳазрат Муҳутдиновро бо Ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадру сарфароз намуд.
Дар миёни иштироккунандагони Шабнишинӣ намояндагони диаспораи тоҷикони муқими вилояти Свердловски Федератсияи Россия низ буданд.