Вохӯрӣ дар Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва суханронӣ дар назди ибодатгарони масҷиди ҷомеъ
Шомгоҳони 16 апрели соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--ҳамроҳ бо аъзои Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров(муовини аввали раиси Шӯро), намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов(муовини раиси Шӯро) , Хушвахт Бедимоғов, Аҳлиддин Саидов, Яздон Шарифов - аз масҷиди ҷомеи шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаи П.Бажов 219 В, ки дар он дафтари Идораи рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия ҷойгир аст, дидан кард.
Боздиди масҷиди ҷомеъ бо даъвати раиси Идораи рӯҳонии(Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск, муфтӣ Абдулқуддус Ашарин сурат гирифт.
Дипломати тоҷик ва шахсони ҳамроҳи ӯ якҷо бо ибодатгарон, ки аксарияташон зодагон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, намози шомро(мағрибро) гузориданд ва дар сари дастархони тоҷикии ифторӣ баъзе масъалаҳои ҳамкории байниминтақавиро дар арсаи татбиқи манфиатҳои муштараки Тоҷикистону Россия дар соҳаи маънавию ахлоқӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Ба дипломати тоҷик пешниҳод гардид, ки дар назди ибодатгарони масҷиди ҷомеъ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ суханронӣ намояд. Консули генералӣ аҳли масҷидро бо фарорасии анҷоми Моҳи шарифи Рамазон ва ҷашни Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфт.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муъминон даъват кард, ки дар густариши раванди таҳкими ризоияти байнидинию байнимиллӣ дар ҷомеаи россиягӣ ҳарчӣ бештар саҳм бигиранд, уҳдадориҳои шаҳрвандии худро софдилона иҷро кунанд, дар зиндагияшон, қабл аз ҳама, накукору хушахлоқ бошанд, Қуръони Маҷид, ҳадисҳои саҳеҳ ва, умуман, фарҳанги исломиро амиқона биомӯзанд ва ба мардуми бумии кишвари иқомат дурусту возеҳона муаррифӣ намоянд, ҳама гуна даъвоҳоро ба афзалияту бартарии динӣ рад намуда, оятҳои Каломи Раббониро дар бораи зарурати муносибати таҳаммулпазир ба гуногунрангии динию конфессиявии ҷаҳон ба инобат бигиранд, аз таъсири ҳизбу ҷунбишҳои сиёсии дар қаламрави Россия мамнӯе, ки аз парчами динӣ сӯйиистифода мекунанд, худро комилан раҳо бисозанд.