Иштирок дар чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Раёсати гумруки Урал
Дар нимаи дуюми рӯзи 12 апрели соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар чорабинӣ бахшида ба 30-умин солгарди таъсиси Раёсати гумруки Урали Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия иштирок намуд.
Чорабинии мазкур дар намоишгоҳ таҳти унвони «Ворисони Верещагин: бахшида ба наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи гумрукчиёни Урал...» баргузор шуд.
Чорабинӣ дар кӯчаи Малышева, 46 дар бинои Маркази осорхонавиву намоишгоҳии «Хонаи Поклевскиҳо - Козелл» бо иштироки сардори Раёсати гумруки Урал, генерал-лейтенанти хизмати гумрукӣ Алексей Фролов, муовини намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Иванов, узви Палатаи ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия, директори генералии Осорхонаи вилоятии кишваршиносии Свердловск ба номи О.Е.Клер Александр Емельянов, Консули Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Екатеринбург Аскар Аскаров, консулҳои генералии Чин, Ӯзбекистон, Вьетнам ва Тоҷикистон доир гашт.
Сардори Раёсати гумруки Урал Алексей Фролов, аъзои Палатаи ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия, директори генералии Осорхонаи вилоятии кишваршиносии Свердловск ба номи О.Е.Клер Александр Емельянов, Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов дар ин чорабинӣ суханрониҳои шодбошӣ намуданд.
Қайд гардид, ки таърихи муносибатҳои байналмиллалӣ барои хадамоти гумруки Урал аз охири асри 16–бунёди аввалин роҳи заминӣ–масири расмии русӣ аз Аврупо тавассути кӯҳҳои Урал ба Сибир оғоз ёфта, тамаддунҳои Ғарб ва Шарқро бо ҳам пайванд дод. Аввалин шаҳри гумрукӣ--Верхотурье--ба дарвозаи Осиё ва нуқтаи оғози роҳи бузурги Сибир ба соҳилҳои уқёнуси Ором ва ба Чини дурдаст табдил ёфт.
Дипломати тоҷик дар фазои озоди ғайрирасмӣ бо генерал Алексей Фролов доир ба баъзе масъалаҳои ҳамкорӣ табодули афкор кард.