Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ифтитоҳ ва кори Форуми байналмилалии технологияҳои иҷтимоӣ «SOCIO» дар ш.Екатеринбург иштирок кард
Дар нимаи аввали рӯзи 12 апрели соли 2023 дар бинои Маркази байналмилалии намоишгоҳии "Екатеринбург--ЭКСПО" Форум--намоишгоҳи технологияҳои иҷтимоии «SOCIO» ба кори худ оғоз кард.
Ин Ҳамоиш дар пойтахти уралӣ бори дуюм аст, ки барпо мегардад.
Дар маросими ифтитоҳи он Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ширкат варзид.
Меҳмонон ва иштирокчиёни Форум-намоишгоҳро Вазири сиёсати иҷтимоии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Андрей Злоказов, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Татьяна Мерзлякова, президенти Палатаи савдою саноати Урал Андрей Беседин ва мудири бахши минтақавии Хазинаи иҷтимоии Россия Елена Алшитс бо суханрониҳои худ шодбош гуфтанд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода дар ҷаласаи панелӣ оид ба масъалаҳои хотираи таърихии ҷомеа суханронӣ намуда, дар мунозира фаъолона иштирок кард.
Қобили зикр аст, ки Форум--намоишгоҳи технологияҳои иҷтимоии «SOCIO» бо мақсади мусоидат ба тағйири сифати зиндагии аҳолӣ тавассути ҳамоҳангсозии принсипҳо ва муттаҳид намудани иқдомҳои давлат, соҳибкорон, илм ва аҳли ҷомеа ҷиҳати ҳалли мушкилот ва пайдо кардани роҳу василаҳои муштариён дар соҳаи иҷтимоӣ баргузор гашт.
Дар соли 2023 Форум ба арзишҳои иҷтимоии ҷомеаи муосир ва ҷаҳонбинии насли нав бахшида шудааст.
Ба муколамаю гуфтугӯи ошкоро дар бораи арзишҳои маънавию ахлоқии Федератсияи Россия ва таҷрибаи амалии беҳтарине, ки онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, таваҷҷуҳи хосса дода шуд.
Консепсияи чорабинӣ бар асоси он таҳия шудааст, ки модели идоракунии соҳаи иҷтимоӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ дар Россия алъон дар ҳолати тағйирот қарор доранд.
Дар чаҳорчӯбаи Форум баромадҳои коршиносони пешқадам, мубоҳисаҳои панелӣ, дарсҳои маҳорат ва тренингҳо, ҷаласаи лоиҳаҳои гурӯҳӣ, намоишгоҳ ва ярмаркаи "франчайзинг" баргузор шуданд.
Ҳамчунин пружаи аккосии «Таърихи некӣ ва шафқат» ва Намоишгоҳи махсусгардондашудаи байниминтақавии "Пуштибонии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ ба ашхоси саломатияшон заиф.Воситаҳои фаннӣ, технологияҳо, хизматрасонӣ" баргузор гаштанд.
Форум-намоишгоҳи байналмилалии технологияҳои иҷтимоӣ "SOCIO" бо дастгирии Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва маъмурияти шаҳри Екатеринбург баргузор шуд.