Вохӯрии дипломати тоҷик дар масҷиди шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаи Артинская, 25 

09.04.2023 20:29

Вохӯрии дипломати тоҷик дар масҷиди шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаи Артинская, 25 

Бегоҳирӯзии 9 апрели соли 2023--бо супориши Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Зафар Сайидзода--котиби дуюми муассисаи консулӣ Субҳон Қурбонов ба масҷиди шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаи Артинская, 25, ки аксари кулли ибодаткунандагонаш зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, барои табрикот ба муносибати Моҳи шарифи Рамазон, ҷиҳати шарҳи қоидаҳои будубош ва ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ҳозир шуд ва баъд аз анҷоми ифтор суханронӣ намуд.

Дипломати тоҷик зимни суҳбат тазаккур дод, ки тоҷикистониёни муқими минтақаи Урал ва тамоми Россия бояд бо эҳтирому аҷргузории фарҳанг, суннатҳо ва динҳои дигар, покдилӣ, заҳматпарастӣ, донишандӯзӣ, инсондӯстӣ ва дигар арзишҳои ахлоқи ҳамида фарқ кунанду намунаи ибрат бошанд.

Дар хотима имоми масҷид домулло Мирзо Назаров ва кулли намозгузорон барои ато гардидани сулҳу оромӣ ва  шукуфоии бештари Тоҷикистони маҳбуб дасти дуои нек бардоштанд. 

Ҳангоми ҳузуру суханронии корманди дипломатии Консулгарӣ раиси Идораи рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия, муфтӣ Абдулқуддус Ашарин ва муовини аввалаш, зодаи Тоҷикистон домулло Иброҳим Ёқубов дар ҳамин масҷид буданд ва бо ибодатгарон суҳбатҳо карданд.

masjid-0.jpg

masjid-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg