Иштирок дар маросими ифтитоҳ ва ҷаласаи пленарии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии "Тобистон--2023" дар шаҳри Екатеринбург

07.04.2023 19:20

Иштирок дар маросими ифтитоҳ ва ҷаласаи пленарии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии "Тобистон--2023" дар шаҳри Екатеринбург

7 апрели соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--бо даъвати президенти Ассотсиатсияи сайёҳии Урал–роҳбари бахши уралии Иттиҳодияи саноати сайёҳии Россия Михаил Малтсев--дар маросими ифтитоҳ ва ҷаласаи пленарии Намоишгоҳи калони байналмилалии сайёҳии "Тобистон--2023", ки дар бинои Маркази екатеринбургии ҳамкории байналмилалӣ баргузор гардид, иштироки фаъолона намуд.

Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Дмитрий Ионин, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, президенти Палатаи савдою саноати Урал Андрей Беседин, президенти Ассотсиатсияи сайёҳии Урал--роҳбари бахши уралии Иттиҳодияи саноати сайёҳии Россия Михаил Малтсев, муовини Вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати марбут ба ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Самат Шатманов, дигар меҳмонони фахрӣ ва иштирокчиёни чорабинӣ суханрониҳои шодбошӣ намуданд.

Ба ҷаласаи пленарии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии "Тобистон–2023" директори департаменти рушди сайёҳӣ ва саноати меҳмондории вилояти Свердловски Федератсияи Россия Эльмира Туканова бо суханронии ифтитоҳии пурмуҳтавои худ ҳусни оғоз бахшид.

Дар ҷаласаи пленарии Намоишгоҳ маърӯзаҳои намояндагони салоҳиятдори кишварҳои Малайзия ва Шри-Ланка мароқи калонро ба амал оварданд.

Аз рӯйи анъана, барномаи кории Намоишгоҳ конфронсҳо ва "мизҳои мудаввар" оид ба масъалаҳои мубрами  бизнеси сайёҳӣ, муаррифии кишварҳо ва минтақаҳо, дарсҳои маҳорат ва семинарҳоро дарбар гирифт.

 Намоишгоҳи "Тобистон--2023" як рӯйдоди дурахшон дар соҳаи сайёҳӣ мебошад, ки, чун анъана, мавсими сайёҳии баҳорию тобистониро ифтитоҳ менамояд.

Ҳамасола дар ин Намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз 120 муаррифигар ва беш аз шаш ҳазор тамошобин ширкат меварзанд.  

Иштирокчиёни доимии ин чорабинӣ ширкатҳои пешбари сайёҳии Ҳавзаи федералии Урал, калонтарин туроператорҳои Россия, хориҷаи наздику дур, намояндагиҳои сайёҳии кишварҳои хориҷӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва меҳмонхонаҳо мебошанд.

Дар доираи барномаи кории Намоишгоҳи байналмилалӣ дипломати тоҷик ба хотири баланд бардоштани сатҳи ҷолибнокии сайёҳии Тоҷикистон фаъолияти дахлдори иттилоотиро анҷом дод.

Бо бахши тоҷикистонии Намоишгоҳ муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Дмитрий Ионин ва муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Берг шахсан ошноӣ пайдо карданд. Дар ин лаҳзаҳо ононро Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск «Диаспораи тоҷикон "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова ва президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Ҷамъияти гурҷиён "Сакартвело"" Нукри Чавлеишвили ҳамроҳӣ намуданд ва шарҳу эзоҳот доданд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари бахши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Намоишгоҳи байналмилалӣ Муҳаммад Валимирзо суҳбати дӯстонаи судманд анҷом дод.

Зимни суҳбат дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва мудири Медиахолдинги "Минтақаҳои Россия" Максим Мокеев ба мувофиқа расиданд, ки дар мавриди инъикосу муаррифии имконоти рушди сайёҳӣ ва, умуман, соҳаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои маҷаллаи маъруфу бонуфузи "Минтақаҳои Россия: афзалҳои миллӣ" ҳамкорӣ хоҳанд кард.

namoish-111.jpg

namoish-01.jpg

namoish-2.jpg

namoish-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg