Баррасии масъалаҳои фаъолсозию беҳсозии ҳамкории гуногунарсаи байниминтақавии Тоҷикистон ва минтақаи Урали Миёнаи Россия

04.04.2023 12:23

Баррасии масъалаҳои фаъолсозию беҳсозии ҳамкории гуногунарсаи байниминтақавии Тоҷикистон ва минтақаи Урали Миёнаи Россия

4 апрели соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов мулоқот намуд.

Зимни мулоқот, ки дар дафтари кории муовини Губернатори вилояти Свердловск дар рӯҳияи дӯстонаи созанда баргузор шуд, роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои наздики густариши ҳамкориҳои байниминтақавии вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси Созишномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ аз 12 феврали соли 2004 мубодилаи афкору пешниҳодоти судманд сурат гирифт.

Аҳамияти аз ҷониби шарикони тоҷикистонию уралӣ таҳияву тасдиқ ва татбиқи амалии "харитаҳои роҳ" ҷиҳати амалисозии созишномаи ёдрасшудаи ҳамкорӣ тазаккур дода шуд.

Дипломати тоҷик дидгоҳи худро дар бораи ҷой ва нақши Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ба хотири рушду таҳкими ҳамкориҳои муфиди байниминтақавии Тоҷикистону Россия дар самти минтақаи Урали Миёнаи россиягӣ иброз дошт.

omoda-aprel.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg