Ба Консули генералӣ дар бораи роҳандозии содироти чойҳои шифобахш аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия иттилоъ доданд

03.04.2023 13:20

Ба Консули генералӣ дар бораи роҳандозии содироти чойҳои шифобахш аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия иттилоъ доданд

3 апрели соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода оид ба масъалаҳои марбутаи ҳамкорӣ бо соҳибкори екатеринбургии тоҷиктабор, директори генералии ҶДММ "Хонаи тиҷорат "Бозори тоҷик"" Зуҳал Муродов мулоқоти судманд дошт.

Зимни суҳбат Зуҳал Муродов ба дипломати тоҷик оид ба корҳое, ки бо мусоидати муассисаи консулӣ оид ба роҳандозии интиқоли чойҳои шифобахши хушсифат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Екатеринбург ва дигар шаҳрҳои вилояти Свердловски Федератсияи Россия аз тирамоҳи соли 2022 анҷом  додааст, иттилои муфассал дод.

Фаъолияти ин соҳибкори боистеъдод дар ин самт аз моҳи сентябри соли 2022 ҷиҳати иҷрои дастури Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев оид ба интиқоли чойҳои хушсифати шифобахш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи Урали Миёна, ки 13 августи соли 2022 дар намоишгоҳ--ярмаркаи машҳури  шаҳри Ирбит ба мақомоти дахлдори давлатӣ дода шуда буд, оғоз ёфтааст.

Консули генералӣ ва соҳибкори муваффақи маҳаллӣ ҳамчунин бархе аз масъалаҳоро оид ба ҷалби соҳибкорони тоҷиктабори уралӣ ба фароянди роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия ба ҳайси шарикони рушди Ватани аҷдодӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Дар ҷараёни табодули афкор мусоҳибон ҳамақида дар он буданд, ки неруҳои созандаи диаспораи маҳаллии тоҷикон дар пойтахти уралӣ бояд  аз пайи таъсис додани Осорхонаи асбобҳои мусиқии миллии тоҷикӣ низ бишаванд.

toj-bozor-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg