Иштироку суханронӣ дар  Нишаст бахшида ба марказҳои таърихии фарҳанги исломӣ дар Осиёи Марказӣ ва сайёҳии зиёратӣ

29.03.2023 12:47

Иштироку суханронӣ дар  Нишаст бахшида ба марказҳои таърихии фарҳанги исломӣ дар Осиёи Марказӣ ва сайёҳии зиёратӣ

Шомгоҳони 29 марти соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар Нишаст бахшида ба марказҳои таърихии фарҳанги исломӣ дар Осиёи Марказӣ ва сайёҳии зиёратӣ, ки дар пойтахти уралӣ барпо гардид, иштироку суханронӣ намуд.

Ин Нишаст аз ҷониби Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург ташкил ёфта, бо иштироки консулҳои генералии ҷамоҳири Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Фаронса, муовини намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Иванов ва сардори департаменти робитаҳои байналмилалии Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Лариса Шарф баргузор шуд.

Дар Нишаст Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов суханронии  ифтитоҳӣ кард.

Суханрониҳои раиси Идораи рӯҳонии мусулмонони (Муҳтасиботи Урал) вилояти Свердловски Федератсияи Россия, муфтӣ--муҳтасиб  Артур--ҳазрат Муҳутдинов, сардори департаменти Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Лариса Шарф, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Ҳоҷӣ Абдулкаримов, намояндаи Сарвари Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Беслан Тамаев, намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Ингушетияи Федератсияи Россия дар Ҳавзаи федералии Урали Федератсияи Россия Куреш Аушев, президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Ҷамъияти гурҷиён «Сакартвело"" Нукри Чавлеишвили, соҳибкор ва ходими намоёни телевизиони вилояти Челябински Федератсияи Россия Амур Ҳабибуллин ва дигар иштироккунандагону меҳмонони Шабнишинӣ пурмуҳтаво ва мароқангез буданд.

iftor-30-1.jpg

iftor-30-2.jpg

3.jpg

4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg