Иштирок дар чорабинии тантанавию эҷодӣ дар чаҳорчӯбаи Пружаи байналмилалии варзишии "Legend Challenge Games-2023" дар пойтахти уралӣ

01.04.2023 12:44

Иштирок дар чорабинии тантанавию эҷодӣ дар чаҳорчӯбаи Пружаи байналмилалии варзишии "Legend Challenge Games-2023" дар пойтахти уралӣ

Шомгоҳони 1 апрели соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--бо даъвати Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия--дар бинои нави Маркази гимнастикаи бадеӣ ва эстетикӣ воқеъ дар шаҳри Екатеринбург дар Маросими супоридани мукофотҳои байналмилалии варзишӣ дар доираи Пружаи байналмилалии варзишии "Legend Challenge Games-2023" иштирок намуд.

Дар ин чорабинӣ муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Берг, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Татьяна Мерзлякова, дипломатҳои Чин, Беларус, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Екатеринбург сабти ном шудаанд, ширкат доштанд.

Татбиқи Пружаи мазкур ба таҷлили 100-солагии таъсиси соҳаи варзиш дар Федератсияи Россия ва вилояти Свердловски он ва 300-солагии шаҳри Екатеринбург рост омад.

Ба муносибати Маросими супурдани мукофотҳои варзишӣ—қабл аз оғоз ёфтани он--гала-контсерти зебову назаррабо барпо гардид.

Пеш аз оғози Маросими супурдани мукофотҳои варзишӣ муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Дмитрий Ионин суханронии шодбошиву ифтитоҳӣ кард.

Дар Маросими супурдани мукофотҳои варзишӣ Вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилояти Свердловски Федератсияи Россия Леонид Рапопорт ширкат дошт.

sport-aprel.jpg

sport-aprel-2.jpg

sport-aprel-3.jpg

sport-aprel-4.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg