Мулоқоти муфид бо намояндагони баландмақоми Палатаи савдою саноати Урал
28 марти соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ноиби президенти Палатаи савдою саноати Урал Михаил Козлов ва мушовири Президенти ин Палата Лев Крекотень мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстонаи корӣ сурат гирифт, маҷмӯи масъалаҳои мубрам оид ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавии тиҷоративу иқтисодии миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Россия баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии минбаъдаро арзёбӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи хосса ба муайян кардани соҳаҳо, самтҳо ва шаклҳои ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ, омода кардани заминаҳои ташкили сафари ҳайати васеи тоҷирону соҳибкорони вилояти Свердловск ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи начандон дур дода шуд.
