Вохӯрии муфиди дипломати тоҷик бо ҳамватанони маҳкумшуда дар Колонияи ислоҳӣ воқеъ дар шаҳри Тюмени Федератсияи Россия

23.03.2023 14:35

Вохӯрии муфиди дипломати тоҷик бо ҳамватанони маҳкумшуда дар Колонияи ислоҳӣ воқеъ дар шаҳри Тюмени Федератсияи Россия

23 марти соли 2023 - бо супориши Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода - котиби дуюми муассисаи консулӣ Субҳон Қурбонов аз Колонияи ислоҳии рақами 2 воқеъ дар шаҳри Тюмени Федератсияи Россия расман дидан кард.

Дипломати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Субҳон Қурбонов бо сардори бахши ҷустуҷӯйи  Колонияи ислоҳӣ капитан Илья Жуков  мулоқот намуд. 

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи роҳандозии ҳамкориҳо ва мавзӯоти марбут ба вазъу рафтори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки алъон ҷазои ҷиноятиро дар ин Колонияи ислоҳӣ адо мекунанд, мавриди гуфтугӯ қарор дода шуданд.

Капитан Илья Жуков дар бораи рафтору кирдори маҳкумшудагони тоҷикистонӣ сухан кушода, аз ҷумла аз ришмонии дароз, намозгузорӣ дар соатҳои мамнӯъ, тайёр ва паноҳӣ нигоҳ доштани "силоҳи сард"--кордҳо,--шикоят намуд. Ҳамзамон Илья Жуков ҳунари баланди дӯзандагию пӯхтупаз ва боахлоқии  шаҳрвандони маҳкумшудаи Тоҷикистонро васфу таъриф намуд. 

Дипломати тоҷик бо маҳкумшудагони ҳамватан суҳбати муфиди муфассале анҷом дода, аз аҳсанхонию шикоятҳои роҳбарияти Колонияи ислоҳӣ ёдоварӣ намуд ва дар ин иртибот аз ҳамватанони маҳкумшуда даъват намуд, ки қонуну қоида ва одобро риоя намоянд, то ки чунин мавзӯъҳо такроран мавриди эродгирии роҳбарияти Колонияи ислоҳӣ нагарданд ва ба пурзӯршавии ҷазои мавҷудаи ҷиноӣ боис нашаванд.

Сипас Субҳон Қурбонов ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамватанони маҳкумшуда, аз ҷумла оид ба масъалаҳои дорои хислати ҳуқуқӣ--пеш аз муҳлат  шартан ба озодӣ баромадан, имкон доштан ва ё надоштани мусоидат барои интиқол ба Ватан ва идомаи адои ҷазои ҷиноӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, посухҳои қонеъкунанда дод.

Бояд зикр кард, ки дар Колонияи ислоҳии мазкур беш аз 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо менамоянд, ки аксари кулли онҳо бар тибқи моддаи 228-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир) маҳкум шудаанд.

koloniya.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg