Вохӯрии дипломати тоҷик бо роҳбарияту донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Донишкадаи математика ва илмҳои компютерии Донишгоҳи давлатии Тюмен
23 марти соли 2023 - бо супориши Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода - котиби дуюми муассисаи консулӣ Субҳон Қурбонов ба шаҳри Тюмен сафари корӣ анҷом дода, бо роҳбари Донишкадаи математика ва илмҳои компютерии Донишгоҳи давлатии Тюмен Евгений Вдовин ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ мулоқот намуд.
Дар ин мулоқот роҳбари Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Тюмен "Маркази миллии фарҳангии тоҷикон "Пайванд"" Абдулло Каримов иштироки фаъолона дошт.
Роҳбарияти Донишкада--дар баробари муваффақиятҳои донишҷӯён--қайд намуд, ки аксари донишҷӯёни тоҷик дар машғулиятҳои таълимӣ иштирок намекунанд ва бо баҳои паст таҳсил доранд. Дар ин иртибот Донишкадаи мазкур, аз ҷумла, барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати донишҷӯён лоиҳаҳои махсуси омӯзиши иловагӣ ва ройгонро ба роҳ мондааст.
Дипломати тоҷик аз майли ҳамкорӣ ва ғамхории роҳбарияти Донишкадаи номбурда изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои бавуҷудомада Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва созмони минтақавии ҷамъияти тоҷикони муқими вилояти Тюмен бо донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият хоҳанд дод.
Корманди дипломатии Консулгарӣ Субҳон Қурбонов зимни мулоқот бо донишҷӯён роҷеъ ба мавзӯҳои марбут ба зарурати таҳсили хубу аъло, садоқат ба ахлоқи ҳамидаю одоби баланд, омӯзиши таҷрибаи муфиди мутахассисони маҳаллӣ, иштирок дар курсҳои иловагии омӯзишӣ, густаришу таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои будубош ва қонунҳои кишвари иқомат, ҳифзу ҳиросати забони модарӣ, бақодории ҳувияту фарҳанги миллӣ, ҳамроҳ нашудан ба ташкилоту аҳзоби сиёсии мамнӯъ, муқовимат ба ҳар гуна зуҳуроти ифротгароиву, терроризм, мубориза бо ҷинояткорӣ дар муҳити ҷавонон, аз ҷумла бо муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир бо иштироки онон, ва дурӣ ҷӯстан аз ҳар гуна тазоҳуроти зиддидавлатии сиёсӣ суҳбати пурмуҳтавою муфиде анҷом дод ва ба саволҳои донишҷӯён посухҳо дод.
Муносиби маврид қобили зикр аст, ки дар ин мактаби олӣ алъон беш аз 130 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун таҳсил мекунанд.




