Дипломати тоҷик дар Донишгоҳи давлатии екатеринбургӣ дар бораи муносиботи Тоҷикистону Россия ва иди бостонии “Наврӯз” лексия хонд
21 марти соли 2023 - бо даъвати роҳбари Донишгоҳи давлатии касбии омӯзгории Россия Валерий Дубитский - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз ин Донишгоҳ дар пойтахти уралӣ дидан намуда, дар назди донишҷӯёни он, ки дар миёни онҳо шаҳрвандону зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳузур доштанд, оид ба таърих, вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар шакли дуҷониба, инчунин роҷеъ ба таърих, фалсафа, арзишҳо ва суннатҳои ҷашни баҳории “Наврӯз”, ки дар соли 2010 дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид мақоми ҷашни байналмилалиро гирифтааст, маърӯзаи лексионӣ кард.
Маърӯзаи лексионии дипломату олими тоҷикро бодиққат шунида, бо мароқи калон истиқбол гирифтанд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёну роҳбарияти Донишгоҳи давлатии касбии омӯзгории Россияро ба ҷашни байналмилалии "Наврӯз" самимона табрик гуфт.
Қабл аз оғози лексияи хеш дипломати тоҷик бо роҳбари Донишгоҳ Валерий Дубитский оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соли 2023 суҳбати пурсамару муфассал дошт.


